Тоҷикистон Қаҳрамонии CAFA-2021 миёни наврасонро мизбонӣ мекунад

© ФФТ ТаджикистанаКомментаторы матча Таджикистан - Кыргызстан в Душанбе
Комментаторы матча Таджикистан - Кыргызстан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон боз як мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболро мизбонӣ мекунад.
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Аз 17 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола доир мешавад.
Барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ чаҳор даста вориди рақобат мешаванд.

Дар Қаҳрамонии CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар баробари тими Тоҷикистон, дастаҳои наврасони Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд.
Яккачини Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омода мекунад.

Тибқи иттилои ФФТ умуман, дар доираи ин мусобиқот 6 бозӣ мегузарад ва ҳамаи рақобатҳо бо иштироки мухлисон доир мешавад.
Мубин Эргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Эргашев гуфт, ки футболбозони тоҷик дар бозӣ бо Қазоқистон чӣ душворӣ доранд
Бозиҳои дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Тоҷикистон нахуст бо Қирғизистон, дуюм бо Эрон ва дар даври сеюм бо Ӯзбекистон вориди рақобат мешавад.

Тибқи низомнома Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Лентаи хабарҳо
0