Афғонистонро танҳо раҳо накунед: ҳушдор аз хатари марги кӯдакон дар пайи сардиву қаҳтӣ

© AP / Rahmat GulСемьи боевиков ИГ, арестованные или задержанные властями Афганистана в Кабуле
Семьи боевиков ИГ, арестованные или задержанные властями Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, агар фавран чора набинем, дар Афғонистон марги кӯдаконро бештар хоҳем дид
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ ҳудуди 3 миллиону 200 ҳазор кӯдак дар Афғонистон бо камбуди шадиди ғизо рӯ ба рӯ шаванд, ки як миллион аз ин теъдодро ҳамчунин сардии зимистон бо марг мувоҷеҳ месозад, мегӯяд, Маргарет Ҳаррис, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт.
Маргарет Ҳаррис зимни як тамоси телефонӣ аз Кобул ба Женева ба хабарнигорон гуфт: "Ин як набарди сахт аст, қаҳтӣ кишварро фаро гирифтааст... Ҷаҳон набояд Афғонистонро раҳо ва оқибати онро таҳаммул кунад".
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
СММ: То соли оянда 23 миллион афғонистонӣ ба буҳрони ғизоӣ рӯ ба рӯ мешавад
Вай афзуд, "ҳаво шабона аз сифр поин шуда, интизор меравад, ки пиронсолон ва ҷавонон гирифтори бемориҳои дигар шавад."
Ӯ қайд кард, ки мардум дар баъзе ҷойҳо дарахтонро барои сӯзишворӣ мебуранд.
"Агар мо ба зудӣ амал накунем, шоҳиди марги кӯдакони бештар дар Афғонистон хоҳем шуд",- гуфт Ҳаррис.
Қаблан чанд созмони имдодии байналмилалӣ дар бораи гуруснагӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд, вале чун "Толибон"* Кобулро ба тасарруфи худ гирифтанд, ин кишвар аз хушксолӣ ва буҳрони иқтисодӣ дар набуди кумакҳои хориҷӣ ранҷ мебарад.
Бахши беҳдошти Афғонистон низ ба хусус дар набудани кормандони беҳдошт ба далели напардохтани маошашон осеб дидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала