Ҷанг барои ғизо: вазъ дар марзи Белорусу Лаҳистон вахим шуд - видео

Вазъият дар урдӯгоҳи гурезаҳо дар марзи Лаҳистон ва Белорус муташанниҷ мешавад. Муҳоҷирон ҳангоми тақсими ғизо аз ҷониби кормандони СММ ба задухӯрд гузаштанд
Дар пайи ин ҳодиса як зан захмӣ шудааст. Ӯро ба макони бехавф бурданд ва баъд духтурон ба ӯ ёрии зарурӣ расонданд.
Дар давоми рӯз 18 нафар ба духтурон муроҷиат карданд.
Путин дар бораи ҷамъшавии муҳоҷирон дар марзи Белорус ва Лаҳистон: тааҷҷубовар нест
Дастаҳои ёрии таъҷилӣ беш аз 20 маротиба ба урдӯгоҳи гурезаҳо сафар кардаанд. Вазъият аз сабаби сардии ҳаво мураккаб гардид. Ҳарорати ҳаво шабона паст мешавад ва муҳоҷиронро ба мушкилии бештар мувоҷеҳ мекунад.
Тайи чанд ҳафтаи ахир чанд ҳазор муҳоҷир дар марзи Беларус ва Лаҳистон ҷамъ омадаанд, то ба кишварҳои Иттиҳодияи Урупо бираванд.
Мақомоти Лаҳистон амнияти сарҳадро таҳким бахшида, низомиёнро гирди ҳам оварда ва аз кӯшиши вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишвар ҷилавгирӣ карда, Минскро дар буҳрони муҳоҷират айбдор мекунанд.
Тақсими ғизо ба муҳоҷирон дар марзи Лаҳистон ба зудухӯрд печид - видео
Ҳамаи ин иттиҳомотро Беларус рад мекунад ва иддао дорад, ки Лаҳистон муҳоҷиронро иҷборан ихроҷ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала