Барои милисаҳои Суғд бинои нав месозанд: Раҳимзода ва Аҳмадзода санги асос гузоштанд

© ВКД ТоҷикистонРамазон Раҳимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни гузоштани санги асоси бинои иловагии РВКД дар вилояти Суғд
Рамазон Раҳимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни гузоштани санги асоси бинои иловагии РВКД дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Бинои иловагии РВКД дар вилояти Суғд то моҳи ноябри соли 2022 ба истифода дода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд санги асоси бинои иловагӣ гузошта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.
Гуфта мешавад, ки маросими оғози кор бо ширкати вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои маъмурии сохташаванда аз чор ошёна бо таҳхона иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 45 утоқи корӣ, ошхона, меҳмонхона ва толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Ёдоварии Раҳмон аз қурбонӣ шудани садҳо корманди милиса: Ӯ аз гузаштаю оянда гуфт
Раҳимзода ва Аҳмадзода зимни ошноӣ бо лоиҳаи иншооти навсохтмон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Манбаъ мегӯяд, бинои мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2022 ба истифода дода хоҳад шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуда, ки Рамазон Раҳимзод дар паи ин сафари корӣ омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар тамоми сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғдро санҷидааст.
© ВУД ТоҷикистонВазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода омодагии сохторҳои қудратӣ ба зимистонгузарониро дар вилояти Суғд месанҷад
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода омодагии сохторҳои қудратӣ ба зимистонгузарониро дар вилояти Суғд месанҷад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода омодагии сохторҳои қудратӣ ба зимистонгузарониро дар вилояти Суғд месанҷад
Аз натиҷаи ин санҷиш гузориш дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала