Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Таҳияи нахустин сӯзандоруи зидди COVID-19 дар Русия

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных COVID-19 в регионах России
Лечение больных COVID-19 в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
"Арепливир" - аввалин доруи тазриқии зидди COVID-19 дар Русия сабти ном шуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Аввалин доруи русӣ аз COVID-19 "Арепливир" ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба хадамоти матбуотии ширкати истеҳсолкунанда - "Промомед".
Дору дар шакли сӯзандору таҳия шудааст.
Қайд карда мешавад, ки то охири соли 2021 "Арепливир" вориди беморхонаҳои муассисаҳои тиббии Русия мешавад.
"Нахустин доруи зиддивирусии дохилии варидӣ "Арепливир" (фавипиравир) шаҳодатномаи бақайдгирӣ гирифт ва то охири сол ба беморхонаҳои тамоми минтақаҳо расонида мешавад", - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Истеҳсоли пурраи дору дар заминаи ҶСК “Биохимик” моҳи декабри соли 2021 оғоз мешавад.
Истеҳсолкунандагон барои ба муомилот ворид кардани коркард ба муҳлати панҷ сол иҷозат гирифтанд, дору ба реестри давлатии доруворӣ дохил карда мешавад.
Инчунин шакли дигари доруи "Арепливир", ки хурда мешавад, вуҷуд дорад. Он барои табобати амбулаторӣ тавсия дода мешавад, шакли сӯзандору низ ба тавсияҳо дохил карда мешавад, зеро барои табобати беморони дар беморхона бистарӣ самараноктар аст.
Медицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Мир" дунёро аз коронавирус пок хоҳад кард: олимон доруи нав сохтанд
Қаблан як гурӯҳи байналмилалии олимон муайян карда буд, ки фенофибрат ва кислотаи фенофибритӣ қодир ба нобуд кардани коронавирус мебошанд.
Фенофибрат барои паст кардани сатҳи холестирин дар беморони гирифтори бемориҳои дилу раг истифода мешавад. Дар рафти таҷрибаҳо олимон муайян карданд, ки ин дору сарбории вирусиро 70% коҳиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала