Путин дар бораи ҷамъшавии муҳоҷирон дар марзи Беларус ва Лаҳистон: Тааҷҷубовар нест

© REUTERS / MON / HandoutПольская полиция и пограничники блокируют сотни мигрантов
Польская полиция и пограничники блокируют сотни мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Муҳоҷирон кӯшиш мекунанд, ки тавассути Беларус ба Иттиҳодияи Урупо ворид шаванд, то аз вуруди бидуни раводид истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, муҳоҷирон ба далели вуруди бидуни раводид бо Беларус талош доранд, тавассути Минск ба Иттиҳодияи Урупо ворид шаванд.

"Муҳоҷирон аз дигар каналҳо гузаштанд ва он ки онҳо ҳоло аз Беларус гузаштанд, тааҷҷубовар нест. Зеро ба Беларус, чунон ки ба ман Александр Григоревич Лукашенко фаҳмонд, аз кишварҳои аслӣ бидуни раводид ворид мешаванд", - гуфт Владимир Путин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 24".

Тайи чанд ҳафтаи ахир чанд ҳазор муҳоҷир дар марзи Беларус ва Лаҳистон ҷамъ омадаанд, то ба кишварҳои Иттиҳодияи Урупо бираванд.
Беженцы на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон гузашт
Мақомоти Лаҳистон амнияти сарҳадро таҳким бахшида, низомиёнро гирди ҳам оварда ва аз кӯшиши вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишвар ҷилавгирӣ карда, Минскро дар буҳрони муҳоҷират айбдор мекунанд.
Тақсими ғизо ба муҳоҷирон дар марзи Лаҳистон ба зудухӯрд печид - видео
Ҳамаи ин иттиҳомотро Белорус рад мекунад ва иддао дорад, ки Лаҳистон муҳоҷиронро иҷборан ихроҷ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала