Қарзи “Барқи тоҷик” дар назди НБО “Сангтӯда-1” аз 2 миллиард сомонӣ гузашт

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксСангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Маблағи қарзи холдинги бузурги энержии "Барқи тоҷик" аз ду миллиард сомонӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1” барои нерӯи барқ ​​дар аввали моҳи ноябр аз 2 миллиард сомонӣ (ҳудуди 180 миллион доллар) гузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба дафтари матбуотии ин нерӯгоҳ.
Қобили зикр аст, ки ин нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 670 МВт, панҷумин нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш мебошад. Нерӯгоҳ дар баробари "Норак" (3000 МВт) ва "Бойғозӣ" (600 МВт) яке аз се нерӯгоҳи калонтарин дар Тоҷикистон аст.
"Дар аввали моҳи ноябри соли 2021 қарзи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" аз НБО "Сангтӯда-"1" барои нерӯи барқи додашуда аз 2 миллиард сомонӣ (ҳудуди 180 миллион доллар) гузашт. Қарз воқеан аз лаҳзаи ба кор даромадани аввалин чарха дар соли 2008 оғоз шуда, пайваста афзоиш меёбад", - гуфтааст мусоҳиби агентӣ.
Ба гуфтаи ӯ, пардохт аз ширкати "Барқи тоҷик" дар доираи ҷадвалҳои ҳадди ақали кафолатноки пардохт (тақрибан 40%-и арзиши нерӯи барқи харидорӣ) сурат мегирад, ки имкон медиҳад кори бефосилаи нерӯгоҳи барқи обӣ, таъмири нақшавӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон таъмин карда шавад.
Аммо ин ба НБО-и "Сангтӯда-1" имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои худро дар назди саҳҳомон ва ҳамчунин дар назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ иҷро кунад.
Маблағи қарзи андоз то 1 ноябри соли ҷорӣ ҳудуди 170 миллион сомонӣ (15 миллион доллар) - ро ташкил медиҳад.
ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Рӯстам Пӯлотов "лимит"-и барқ дар Суғдро шарҳ дод
"Қарзи андоз дар натиҷаи пурра пардохт накардани ҶСК "Барқи тоҷик" аз интиқоли барқи ҷорӣ ва набудани маблағ аз НБО-1-и "Сангтӯда" барои пурра пардохт намудани уҳдадориҳои андоз ба вуҷуд омадааст, ки дар ниҳоят ба зиёни буҷети давлатӣ оварда мерасонад. Дар соли ҷорӣ мизони пардохти пули нақд барои нерӯи барқ ​​аз 38% зиёд нест”, - гуфт ӯ.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала