Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Туркманҳову паштунҳо": бузургтарин талафоти толибон дар Панҷшер

© AP / Jalaluddin SekandarБронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан
Бронетранспортеры ополченцев в Панджшерской долине, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Ин бузургтарин талафоти толибон пас аз вуруди онҳо ба дараи Панҷшер аз моҳи сентябр ба ин сӯ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Дар пайи як даргирӣ миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва толибон дар дараи Панҷшер ҳудуди 20 толиб куштаву захмӣ шуд
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз қавли як толибе, ки аз ин даргирӣ ҷон ба саломат бурдааст, мегӯяд, даргирӣ дар ҳаволии рустои Оноваи вулусволии ҳамном ба вуқуъ пайваста, нерӯҳои муқовимат дар пайи як ҳамлаи ғофилгирона мошинҳои дар ҳоли ҳаракати толибонро омоч гирифтанд.
"Ҳамаи кушташудаҳо вз вилояти Кундуз буданд. Иддае, туркман ва иддае паштун. Туркманҳо умдатан аз вулусволии Чаҳордараву Қалъаи Зол ва паштунҳо аз рустоҳои Софикуту Асқалони вулусволии Гӯртеппаву маркази Кундуз буданд", - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ӯ, дар ин даргирӣ 8 туркман ва 10 паштун кушта шуда, 2 туркмани дигар ҳам ба асорат афтодаанд ва ин бузургтарин талафоти толибон тайи ҳузурашон аз моҳи сентябр ба ин сӯ гуфта мешавад.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Нашри навори яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат баъди даъвои толибҳо
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон вуқӯи даргириҳо дар се минтақаи Панҷшер – рустоҳои Гулзангари дараи Ҳисораки вулусволии Руха, Онобаи вулусволии Оноба ва Сангунаи вулусволии Бозоракро таъйид карда, гуфт, то ба ҳол маълумоти пурра дар бораи теъдоди талафоти ҷонибҳо мушаххас нест.
"Фақат маълум аст, ки нерӯҳои мо талафоте надоштанд ва дар Оноба як тонки “Ҳомвей” – и толибон тахриб шуда, 7 сарнишинаш кушта шудаанд", - гуфт манбаъ.
Вай аз аввалин даргириҳо дар вулусволии Хусти Фиринги вилояти Бағлон низ хабар дод, ки дар пайи даргириҳо як толиб кушта шудааст ва толибон ба ин вулусволӣ аз Кобул нерӯ эъзом намуда, ба талошии хонаҳо машғуланд.
Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи муқовимати аввал (1996-2001) 16 августи соли равон арзи вуҷуд намуда, дар ҳоли ҳозир дар дараи Панҷшер, Андаробҳо – вулусволиҳои Бану, Деҳсалоҳ ва Пули Ҳисор, ҳамунин Хусту Фиринги вилояти Бағлон бо толибон ҷанг мекунад. Ин ҳама манотиқи кӯҳистонӣ ва саъбулубур мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала