Таркиши дигар дар Кобул

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВид на город Кабул в Афганистане
Вид на город Кабул в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Дар ноҳияи Дашти Барчии Кобул мошини бомбгузоришуда таркид
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Афғонистон як мошини пур аз маводи тарканда мунфаҷир шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Таркиш дар маҳаллаи Дашти Барчии Кобул, воқеъ дар ғарби пойтахти Афғонистон рух дод.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷаи ин ҳодиса афроде ҷароҳат бардоштаанд, аввалин захмиён аллакай дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Тибқи иттилои пешакӣ, ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки минаи магнитие, ки дар мошин гузошта шуда буд, таркидааст.
Дигар ҷузъиёти ин таркиш ошкор нашудааст.
Бино ба гузориши муовини сухангӯи толибон Инъомуллоҳ Самангонӣ дар пайи ин таркиш 1 тан ҳалок шудааст. Аз теъдоди захмиён то кунун хабар дода нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз ҳам дар як масҷиди Афғонистон таркиши шадиде рух дод. Дар натиҷа се кас кушта ва 15 тан захмӣ шуд.
Намози ҷумъаи хунин: таркиши мудҳише дар як масҷиди Афғонистон
Мақомот аллакай се нафарро бо гумони даст доштан дар ташкили ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала