ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакон дар Афғонистон гуфт: духтарони 20-рӯзаро медиҳанд

© Sputnik / В. Киселев / Гузаштан ба хазинаи аксАфганские женщины, архивное фото
Афганские женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
ЮНИСЕФ аз афзоиши издивоҷҳои кӯдакона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз афзоиши шумори издивоҷҳо бо кӯдакон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунад, гуфт директори иҷроияи ташкилот Генриетта Фор.

"Ман аз гузоришҳо дар бораи афзоиши издивоҷҳои ноболиғон дар Афғонистон сахт нигаронам... Мо гузоришҳои муътамад дар бораи хонаводаҳое дарёфт кардем, ки духтарони 20-рӯзаро барои издивоҷи оянда бар ивази маҳр пешниҳод мекунанд".

Тавре ЮНИСЕФ қайд кардааст, як падидаи густурда, аз қабили издивоҷи бармаҳал дар Афғонистон метавонад боиси хушунати хонаводагӣ ва табъизи занон ва дар натиҷа мушкилоти равонӣ шавад.
Ин созмон тахмин мезанад, ки 28 дарсади занони аз 15 то 49-солаи афғон то синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.
Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти афғон даъват мекунад, ки дар дастгирӣ ва ҳифзи хонаводаҳои осебпазири афғон кумак кунанд.
Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, вазъи номусоиди иқтисодӣ дар Афғонистон ҳарчи бештар хонаводаҳоро водор мекунад, ки духтаронро дар синни барвақт издивоҷ кунанд ва ё фарзандони худро ба кор фиристанд.
Дети из кабульского приюта во время занятий в школе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Дар Афғонистон фурӯши кӯдакон дар авҷ аст
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико якбора бад шуд. То нимаи моҳи август дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон”* аз мақомаш истеъфо дод ва ба таври оҷил кишварро тарк кард.
"Толибон"* 15 август Афғонистонро зери итоати худ дароварданд ва дар оғози моҳи сентябр ҳукумати худро эълон карданд.
Ҳукумати ҷангҷӯён се моҳ аст, ки кишварро таҳти идора дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ононро ба расмият нашинохтааст.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала