Эрон хостори ҳамкориҳои дарозмуддат дар ҳавзаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Вазири иқтисоди Эрон бар фароҳам овардани муқаддамоти афзоиши сатҳи равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба 500 миллион евро таъкид кард
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Сайидэҳсони Хондӯзӣ, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон мавзуоти мухталиф дар хусуси равобити дуҷонибаи ду кишвар, бавижа пас аз сафари таърихӣ ва боаҳамияти раисҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ба унвони аввалин сафари хориҷии вай баррасӣ ва табодули назар шуд.
Хондӯзӣ низ дар ин мулоқот бо ишора ба эҳтимоми Эрон нисбат ба тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳавзаи тамаддунии Эрон бар зарурати барномарезӣ барои тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон таъкид кард.
Бар асоси ин гузориш, муқарар шуд дар мулоқотҳои баъдии мақомоти олии ду кишвар мавзуоте ҳамчун имзои ёддошти тафоҳумҳои ҳамкории фаннӣ ва иқтисодӣ, ки дар сафари ахири раёсатҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ироа гардид, дар дастури кор қарор гирад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Тоҷикистон ба сармоягузории Эрон ҳавасманд аст
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.
Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала