Пешниҳоди маҳсулоти арзон ба сокинони ВМКБ ба муносибати Рӯзи Президент

© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБНамоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Алишер Мирзонабот, раиси нави ВМКБ
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Алишер Мирзонабот, раиси нави ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон баргузор шуд, хабар дод ҳукумати вилоят
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гардид.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия гуфт, дар ярмарка зиёда аз 2 тонна гушт, 45 сар моли майда 15 тонна картошка, 10 тонна сабзӣ ва 5 тонна меваву сабзавот ба фурӯш гузошта шуд. Таъкид гардидааст, ки нарх дар ин ярмарка, ки бо иштироки роҳбарони вилоят баргузор шуд, аз нархи бозор ҳудуди 30-40 фоиз арзон мебошад.
© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБНамоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Алишер Мирзонабот, раиси нави ВМКБ
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Алишер Мирзонабот, раиси нави ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Алишер Мирзонабот, раиси нави ВМКБ
Ҳадафи ин чорабинӣ ғанӣ гардонидани дастархони бошандагони вилоят бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захира барои фасли зимистон арзёбӣ гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот зимни боздид аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба масъулин барои минбаъд низ дастур дод.
Бахшида ба Рӯзи Президент пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон дар ВМКБ дар ҳолест, ки ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала