Мақомот аз камшавии бақияи қарзҳои андоз дар вилояти Хатлон хабар доданд

© Sputnik / Амир ИсаевКупюры сомони
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Ба иттилои масъулин дар вилояти Хатлон бақияи қарзҳои андоз беш аз 13 миллион сомонӣ кам шудааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ба иттилои Раёсати андози вилояти Хатлон, дар вилоят бақияи қарзи андоз ба ҳолати якуми октябри соли ҷорӣ 176 миллиону 971 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба авали соли ҷорӣ 13 миллиону 820 ҳазор сомонӣ кам будааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.
тибқи иттилои манбаъ, бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар аввали соли равон 189 миллиону 917 ҳазору 198 сомониро ташкил медод, ки ин дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 176 миллиону 971 ҳазор расонида шуд.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки бақияи қарз дар 24 шаҳру ноҳия кам карда шуд.
Электросчетчик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Нагаронии мақомот аз зиёдшавии қарзи барқ дар Кӯлоб
дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки мутаасифона бақияи қарз дар ноҳияи Ҷайҳун бештар аз 2 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
“Бештар бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷомӣ, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Бохтар, Балхӣ, Данғара ва Ҷайҳун ҷой дорад”, — иттилоъ додааст Раёсати андози вилояти Хатлон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала