Пули давлатро чӣ гуна "обу лой" мекунанд? Шарҳи Ожонси зидди фасод

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки бо кадом шеваҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба давлат зарар расонда шудааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Сулаймон Талбакзода, ноиби мудири Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 741 тафтишу санҷиш гузаронда, наздики 300 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд.
Талбакзода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, аз 299,2 миллион сомонӣ зарари молиявии ошкоршуда наздики 92 миллион сомонӣ ба изофанависӣ зимни корҳои таъмиру сохтмонӣ рост меояд.
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Нақшаи буҷа барзиёд иҷро шуд: аз ҳисоби ҷарима, барқарорсозии зарар ва гумрук
"Хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф — 28,9 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 91,8, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,2 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ — 128,6 ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 34,9 миллион сомониро ташкил медиҳад", - таъкид намуд ноиби раиси Ожонс.
Ӯ илова намуд, ки аз ин 78,1 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 135 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамъ 71,2 фоизи маблағи зарари ошкоршуда барқарор гардид. Таъкид шуд, ки чораандешӣ барои барқарор намудани 86,1 миллион сомонии боқимонда идома дорад.
Инчунин зикр шуд, ки аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва дигар манбаъҳо 5,3 миллион сомонии дигар низ ба давлат баргардонда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала