Рейд алайҳи муҳоҷирон дар Маскав баъди шикоятҳо

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Маъмурини пулис санҷиши қонунӣ будани ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Ватутинкиро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бештар мавриди таваҷҷуҳи кормандони пулис манзилҳои истиқоматии муҳоҷирон дар маҳаллаҳои Маскави Нав ва Ватутинки қарор гирифтаанд, ки ахиран бархе сокинонашон аз ҳузури хориҷиён изҳори норозигӣ карда буданд.
Хабаргузории ТАСС бо такя ба манобеяш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, ҳадафи асосии рейдҳо ошкор кардани қонуншикании умури муҳоҷират мебошад.

"Маъмурини пулис хона ба хона гашта, маълумот дар бораи истиқоматкунандагонро ҷамъ мекарданд. Огоҳ мешуданд, ки сокинони маҳаллӣ аз амнияти минтақаи зисташон шикояте доранд", - афзуд манбаъ.

Таъкид шудааст, ки дар пайи санҷиш даҳҳо қоидавайронкунӣ ошкор шудааст.
Санҷишҳо дар Ватутники аввали моҳи ноябр баргузор шуданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар боздошт гардида буданд.
Ин минтақа баъди латукӯби як мард бо кӯдакаш аз сӯйи гурӯҳе аз мардҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта буд.
Советник президента РФ, председатель Совета при президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Фадеев: муҳоҷирон бояд забони русиро донанд
Инчунин мақомоти умури дохилӣ муроҷиатҳои зиёди сокинони маҳаллаи Сосенскоеро дар Маскави Нав ба қайд гирифтаанд, ки аз афзоиши теъдоди муҳоҷирону шеваи зиндагияшон шикоят доранд, ки гӯё дар даромадгоҳҳои хонаҳо хоб мекунанду шароб менӯшанд.
Таҷаммуи муҳоҷирон дар минтақаи Сосенское ба наздик будани Маркази муҳоҷиратӣ дар Сахарово ва бозори калони "Фуд сити" рабт дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала