Сипоси Хусравов ба мардум: Ӯ ба мухлисон медали нави қаҳрамонии ҷаҳонро ваъда дод

© Страница Х. Хусравова в FacebookХушкадам Хусравов. Архивное фото
Хушкадам Хусравов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Обуна шудан
Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо дар соли 2018, ки дар финали Қаҳрамонии ҷаҳон - 2021 шикаст хӯрд, барои мухлисонаш медали тилоро ваъда кард
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Хусравов, ки барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2021 дар Тошканд бо нашри як сипоснома аз мухлисонаш миннатдорӣ кард.
"Кӯшиш мекунам, ки медали тилои дуюми Қаҳрамонии ҷаҳонро ба миллатам ҳадя намоям. Бо амри Худо", - навиштааст паҳлавони тоҷик.
Ин ваъдаи Хушқадам Хусравов дар ҳолест, ки ӯ дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар шаҳри Тошканд аз ҳарифи қазоқистонияш Жананият Роҳат шикаст хӯрд. Хусравов то марҳилаи ниҳоӣ рақибони худ аз Қирғизистон, ИМА, Итолиё ва Русияро мағлуб карда буд.
Дар ин мусобиқа паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов ҷои аввал гирифта, қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Қаҳрамони ҷаҳон шуд: Акмалиддин дар 30-солагӣ ба орзуяш расид
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома меёбад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0