Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: сабаб чист?

© wikipedia.org/DVIDSHUB / CC BY 2.0Стрельба из АК-47
Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Дар марзи ду кишвар аз қочоқи ғайриқонунии чорво пешгирӣ ва қочоқбарон боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сарбозони қирғиз барои ҷилавгирӣ аз қочоқи ғайриқонунӣ дар марз бо Ӯзбакистон ба ҳаво тир шилик карданд, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ҳодиса дар маҳаллаи Тазаcууи ноҳияи Акси вилояти Ҷалолобод рух додааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳудуди 50 сокини деҳаи Оқдобо кӯшиш кардаанд, чанд чорворо ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

“Дар кишвари ҳамсоя шариконашон интизори қочоқчиён буданд”, - қайд кардааст манъ.

Марзбонони қирғиз ба ин нақша халал расонданд. Онҳо аз сокинон талаб карданд, ки фавран аз иқдоми худ даст кашанд, аммо ба гуфтаи низомиён, сокинон ба ҳарфҳои онҳо эътибор надодаанд.
Ситуация в городе Ош - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Кӯшиши ворид кардани 150 кило маводи мухаддир ба Ӯзбекистон аз Тоҷикистон
Сипас марзбонони қирғиз аз силоҳи худ истифода бурда, ба хаво се тир холӣ карданд. Пас аз ин ба ҷои ҳодиса низомиён ва сарҳадбонон ноҳияи Аксӣ ҳозир шудаанд. Мақомот маршиканонро дар пайи як музокира раҳо кардаанд.
Чанде баъд марзбонон дар ҳамин маҳал як шаҳрванди 27-солаи Қирғизистонро боздошт карданд, ки мехост 16 сар чорворо барои интиқол ба Ӯзбекистон ба мошинаш бор мекар.
Намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар барои мубориза бо қочоқ чораҳои зарурӣ меандешанд. Ҳоло вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала