Афзоиши 50-дарсадии додуситади миёни Тоҷикистону Русия

CC0 / Pixabay / Контейнеры в порту, архивное фото
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Мақомоти Русия эълон карданд, ки тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишвар дар ҳоли тавсеа аст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазорати саноат ва тиҷорати Русия хабар додааст, ки Русия миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти Русия дар моҳҳои январ-августи соли равон 703,7 миллион долларро (+ 44,9% нисбат ба давраи қаблӣ) ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол воридот 51,5 миллион доллар (афзоиш 2,8 маротиба) гузориш шудааст.
Ҳамзамон Вазорати саноат ва тиҷорати Русия қайд кардааст, динамикаи мусбати гардиши мол миёни кишварҳо, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфта, 755,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ҷониби Русия қайд намудааст, ки маҳсулоти аслии содирот аз ин кишвар ба Тоҷикистон пеш аз ҳама маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоми кишоварзӣ, чӯбу маҳсулоти селлюлоз-коғаз, металлу маҳсулоти филизӣ, маҳсулоти кимиёӣ, аз ҷумла резин, мошину таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад.
Грузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Афзоиши гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия
Ёдовар мешавем, чанде пеш мудири департаменти Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфта буд, ки иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба қадри кофӣ истифода нашудааст.
Иля Федоров, мудири Департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфт, сатҳи мутақобилаи иқтисодию тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба иқтидори мавҷуда мутобиқат намекунад.
Барои фаъол гардонидани ҳамкории ду кишвар, ба гуфтаи ӯ, тарҳҳои нави муштарак, роҳандозии равобити мутақобилаи ширкатҳо, бештар истифода кардани имконоти ниҳодҳои пуштибони содирот ва ҳалли якчанд масъалаҳои иқтисодӣ зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала