Амрико анборҳои махсуси вазорати тандурустиро тафтиш кард

© Минздрав РТСклад для хранению вакцин против коронавируса Минздрава РТ
Склад для хранению вакцин против коронавируса Минздрава РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Намояндаи ташкилоти USAID дар бахши беҳдоштӣ дар Тоҷикистон бо вазъи нигаҳдории ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 шинос шуд
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки Намояндаи USAID да бахши беҳдоштӣ дар Тоҷикистон Кристофер Баррет аз анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки дар он ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 нигоҳдорӣ мешаванд дидан кард.
Тибқи иттилои манбаъ ин иқдом бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нигоҳдории вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус, ки дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 вориди Тоҷикистон шудаанд, сурат гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 дар анбори махсуси вазорат ва дар яхдонҳои махсус тибқи талаботи муқарраргардида нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда бо нақлиётҳои махсус ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.
Ампулы с вакциной Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз ду навъ ваксинаи зидди коронавирусро дастрас кард
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Ҳукумати Амрико ҷиҳати расонидани вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кардааст.
Муовини вазир ин ташаббусро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала