Фахриддин дар финали "Х-Фактор Беларус": Ӯ гуфт, ба овоздиҳии мухлисон ниёз дорад - видео

© facebook/hakimov.fahriФахриддин Ҳакимов, овозхони ҷавони тоҷик
Фахриддин Ҳакимов, овозхони ҷавони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фахриддин Ҳакимов, овозхони 29-солаи тоҷик ба даври ниҳоии озмуни "Х-Фактор Белорус", ба тими Серёга роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Дар пайи ҳунарнамоии Ҳакимов овозхони шинохта Серёга ба ӯ пешниҳод кард, ки шомили тимаш шаваду тариқи мусобиқаро идома диҳад, ё созишномаеро имзо карда, раҳсипори ҷазираҳои Малдив шавад.
Ҳакимов изҳор дошт, бидуни ҳеч дудилагӣ узвият дар тими Серёгаро интихоб мекунад, то халқи худро аз саҳнаҳои бузург муаррифӣ намояд. Доварон ба садоқату рӯҳияи қавии овозхон таъкид карданд.
Сарояндаи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш аз роҳ ёфтан ба финал хабар дода, афзуд, ба зудӣ овоздиҳӣ оғоз мегардаду ӯ умед ба ҷонибдории мухлисонаш дорад.
Қаблан Ҳакимов дар "Х-Фактор дар Белорус" суруди "Рақс болои шиша" ё худ "Танцы на стеклах" - и Максим Фадеевро иҷро карда, мухлисону доваронро тасхир намуд.
Олга Бузова, яке аз доварон дар пайи овозхонии Ҳакимов гуфт, сухане барои тасвири таассуроташро надорад. Серёга афзуд, ки иҷрои суруд хеле ҳаяҷонбахш буда, Ҳакимов ҳатто аз Фадеев беҳтар хонд. Ҳамин тариқ овозхони тоҷик ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Фахриддин Хакимов - Танцы на стеклах. Х-Фактор Беларусь. Кастинг. Выпуск 9
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Овозхонии паҳлавони тоҷик дар Х-Фактор: тавсифи Олга Бузова ва Серёга - видео
Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.
Дар барномаи “Ну-ка, все вместе” иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ мекунад, ӯ ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала