"Ҳа гуфтам": Манижа шавҳар мекунад

Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавии дӯстписараш посухи "ҳа" додааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Манижа, ки бо намояндагӣ аз Русия дар "Евровидение - 2021" мақоми 9-ум гирифт, дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст, ки хонадор мешавад.
Овозхон бо нашри акси худу дӯстдоштааш дар "сторис", хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавӣ "ҳа" гуфтааст. Ӯ дар ин акс ангуштарини номзадиро намоиш дода, рӯйи дӯстписарашро пӯшондааст.
Бо вуҷуди пӯшондани рӯйи ӯ расонаҳо мегӯянд, шавҳари ояндаи Манижа ин коргардон Ладо Кватани мебошад, ки қаблан низ хабари муносиботашон расонаӣ шуда буд.
Ладо Кватанияи 33 сол дорад. Ӯ худ зодаи Гурҷистон аст ва модараш аз Украина мебошад.
Репетиция финала конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Миллионҳои Манижа: сароянда барои Eвровидение - 2021 чӣ қадар маблағ харҷ кард?
Кватания мегӯяд, то ҷанги Гурҷистону Абхазистон ба Русия рафтуомади зиёд дошт, аммо баъдан куллан ба Маскав кӯчид. Дар мавриди тақдири худу Манижа мегӯяд, ки Сангин гурезае аз Тоҷикистон мебошаду ӯ аз Гурҷистон.
Ҳоло Кватания ҳамчун коргардону клипсоз дар ҳаёти эҷодии Манижа нақши муҳим дорад.
Чунончи, Кватания коргардони таронаи машҳури Манижа - "Мама" ва муаллифи ғояи баромади Манижа дар "Евровидение" низ ӯ будааст. Кватания соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи синамои Ню-Йорк таҳсил кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала