Парвандаи ҷавони тоҷик барои латукӯби пизишк додгоҳӣ шуд: таҳдиди то 5 соли зиндон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти тафтишотӣ дар шаҳри Нижневартовск парвандаи ҷавони тоҷикро, ки табиби муоинагари зани ҳиҷобпӯшашро латукӯб карда буд, ба додгоҳ фиристодааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Додгоҳи Нижневартовск парвандаи марди 29-солаи тоҷикро, ки дар авбошӣ бо истифодаи зӯрӣ айбдор мешавад, баррасӣ мекунад.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомоти тафтишотӣ хабар додаанд. Додситонӣ айбномаро тасдиқ карда, ба додгоҳ ирсол намудааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ба муттаҳам ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Ин банди моддаи Кодекси ҷиноӣ то панҷ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Муттаҳами 29-сола дар рафти тафтишот ҳақ надорад, манзили зисти худро тарк кунад, наметавонад бидуни иҷозаи муфаттиш бо шоҳидон суҳбат ва аз воситаҳои алоқа, аз ҷумла интернет истифода кунад.
Бар асоси наворе, ки қаблан мақомоти тафтишотӣ нашр карданд, муттаҳам дар латукӯби табиб узрхоҳиро рад карда, гуфтааст, ин пизишк ба ҳамсараш хушомад задааст, ки қобили қабул нест.
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Инчунин бар асоси видеои бозпурсии ҷавони тоҷик, ӯ мегӯяд, табиб аз ҳамсараш суол кардааст, ки чаро ин ҷуволҳоро ба бар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, берун аз салоҳияти пизишк мебошад.
Ин марди 29-сола зодаи Тоҷикистон буда, 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст.
Аз пизишки ҷабрдида дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯше омадааст, ки ниёз ба муоина доштааст.
Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидааст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро пизишк дидааст, мушт ба рӯи ӯ задааст, навиштаанд расонаҳо.
Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард ва роҳбарияти Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, таҳқиқи қазияро зери назорат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0