Иммунолог иштибоҳи асосии мардум пас аз гирифтани ваксинаро гуфт

© PixabayВакцинация
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Доктори илмҳои тиб, мутахассиси вобаста ба сироятҳои хавфнок Владислав Жемчугов дар бораи қоидаҳое гуфт, ки пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус онҳоро риоя бояд кард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Пас аз гирифтани ваксина алайҳи бемории коронавирус риоя кардани чанд қавонини асосӣ шарт ва зарур аст, изҳор доштааст Владислав Жемчугов ба радиои Sputnik.
Ба таъкиди ӯ, қабл аз гирифтани ваксина инсон бояд саломатии худро санҷад, зуком ва шамолхӯриро истисно кунед. Агар бемории вазнин дошта бошед, бояд ба духтур муроҷиат кунед.
Молодой человек вакцинируется от Covid-19 в круглосуточном пункте вакцинации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Дар Санкт-Петербург барои муҳоҷирон 40 нуқтаи ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 фаъол аст
Ҳамчунин мутахассис зикр намудааст, ки агар дар рӯзи аввали моякӯбӣ нишонаҳои монанд ба зуком пайдо гардад, шахси ваксингирифта набояд хавотир шавад, зеро ин як вокуниши муқаррарии бадан ба вируси воридшуда мебошад.

"Одатан нишонаҳо рӯзи дигар аз байн мераванд", - гуфт Жемчугов

Ба гуфтаи ӯ, иштибоҳи бузургтарин ин аст, ки пас аз гирифтани ваксина инсон бар ин бовар мешавад, ки ӯ сад дарсад аз вируси COVID -19 муҳофизат мешавад, дар ҳоле, ки масуният тадриҷан ташаккул меёбад.
Қаблан мутахассиси тоҷик изҳор дошт, ҳар шаш моҳ касоне, ки ваксина гирифтаанд, бояд аз реваксинатсия гузаранд. Зеро масунияте, ки дар бадани одам пайдо мешавад, то 6 моҳ қобилияти муҳофизатӣ дораду халос.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала