Камтарин ҳолати фавт аз COVID дар Тоҷикистон аст

Аз миёни кишварҳои хориҷи наздик камтарин нишондиҳандаи фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабт шудааст
Вазъияти коронавирус дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои ИДМ ба маротиб беҳтар аст.
Наздики як моҳ дар кишвар ягон ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст. 15 ноябр вазорат аз ду ҳолати ҷадиди сироятёбӣ хабар дод ва ҳамзамон зикр намуд, ки ду бемори дигар шифо ёфтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози гирифторӣ вируси COVID-19 аз Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон вазъи беҳтар дорад.
Ваксина ягона роҳ аст: Мулоқот бо сокинон барои суръат бахшидани ваксинагирӣ дар Хуҷанд
Ҳамчунин аз лиҳози фавт низ омори Вазорати тандурустӣ даҳшатбор нест. Аз авоили бурузи ин вирус дар Тоҷикистон 124 бемор ҷон додааст. Дар ҳоле, ки дар Қирғизистону Қазоқистон ин нишондод андаке бештар аст.
Ба ҳамин минвол, тибқи омори охири Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҷамъан 17 091 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфта, 124 бемор фавтидааст.
Вазорат мегӯяд, ҳоло дар мамлакат ҳамагӣ ду бемор таҳти табобат қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала