Шумори осебдидагони заминҷунбии шадид дар Эрон ба 100 нафар расид

© Sputnik / Р. МангасарянЗемлетрясении на юге Ирана
Землетрясении на юге Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Ҳудуди сад нафар бар асари заминҷунбии 6-баллӣ ҷароҳат бардоштанд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Шумори осебдидагон аз заминларзаи шадид дар ҷануби Эрон ба 99 нафар расид, хабар медиҳад ISNA ба истинод ба кормандони бахши тандурустӣ.
Қаблан аз фавти ду нафар ва ҷароҳат бардоштани 27 тани дигар гузориш шуда буд.

"Аз 99 нафари осебдида феълан 10 нафар дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, 88 осебдида пас аз муоинаи табибон мураххас шудаанд.
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе Эронро ду зилзилаи шабаллӣ такон дод. Маркази заминҷунбӣ 60 километр дуртар аз шаҳри Бандар -Аббос гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0