Аз 15 ба 2 сомонӣ: Нархи бехӣ дар Суғд арзон шуд

© Sputnik Торговля морковью на рынке в Худжанде
Торговля морковью на рынке в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Шаш моҳ қабл як килограм сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон то 15 сомонӣ барои нарх дошт
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон нархи сабзӣ, ки дар охири баҳор ва тобистон ба ҳадди рекордӣ расида буд, арзон шуд.
Бинобар иттилои "Sugdnews", ҳоло дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд як кило сабзӣ бо қимати 2-1,50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки моҳҳои май-июни соли ҷорӣ қимати як кило сабзӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ боло рафта, дар бозорҳо ин сабзавот аз 10 то 15 сомонӣ нарх дошт.
Сельскохозяйственная ярмарка в Ялте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Гароншавии сабзӣ: шарҳи роҳбари бозор ва деҳқон
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 5 ноябр дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 114 151,3 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба иттилои портали "Агроинформ" ТҶ, то 13 ноябри соли 2021 нархи сабзӣ дар Душанбе 3,50 сомонӣ, дар Хуҷанд 2,50 сомонӣ, дар Исфара 2,20 сомонӣ, Истаравшан 2,50 сомонӣ, дар Бохтар 2,33 сомониро ташкил додааст.
Нархи ин навъ полезӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамоно гарон, 5 сомонӣ аст. Сокинони ноҳияи дурдасти ВМКБ - Мурғоб як кило сабзиро 8 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки нархи сабзӣ дар баҳору тобистони имсол ба яке аз масъалаҳои пурбаҳс табдил ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала