Нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд каме поин рафтааст

© Sputnik Нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар вилояти Суғди Тоҷикистон
Нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар вилояти Суғди Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Нархи маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон дар қиёс бо чанд рӯзи қабл каме арзон шудааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Нархи гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки давоми як моҳи гузашта боло рафта, то ба 11,5 сомонӣ расида буд, майл ба поин кардааст.
Бино ба нархномаи нуқтаҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд, феълан як литр сӯзишвории дизелӣ 11,2 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11,1 сомонӣ, АИ 95 11, 4 сомонӣ ва гази моеъ 7,4 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар баъзе аз навоҳии Суғд фурӯши маводи сӯхт бо нархи аз ин ҳам поёнтар сурат мегирад.
Бар асоси нархномаҳои феълӣ, фурӯши сӯзишворӣ дар муқоиса ба даҳ рӯзи пеш аз 10 то 40 дирам арзонтар роҳандозӣ шудааст. Ронандаҳои мусофирбарҳо мегӯянд, ҳарчанд коҳиши қимат назаррас нест, вале то ҷое хушҳолкунанда аст.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи ноябр арзиши як литр солярка дар вилояти Суғд 11,5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11, 2 сомонӣ, АИ 95 11, 5 сомонӣ ва қимати гази моеъ то ба 7, 8 сомонӣ мерасид. Дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон ҳатто арзиши як литр сӯзишворӣ 11,6 сомонӣ гуфта мешуд ва ин ҳол нигаронии сокинонро ба вуҷуд оварда буд.
Мужчина в защитной маске едет на велосипеде по Кабулу, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Афзоиши истифода аз дучарха дар пайи гарон шудани сӯзишворӣ дар Афғонистон
Дар моҳи октябр масъулини ширкати “Газпромнефт”, яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ дар кишварро пешгӯӣ карда буд. Роҳбарони “Газпромнефт” изҳор намуда буданд, ки эҳтимол то охири моҳи октябр “арзиши як литр бензини АИ 95 ба 11, 1 сомонӣ (0,98 доллар), АИ 92 ба 10, 9 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯхти дизелӣ ба 10,5 сомонӣ (0,93 доллар) баробар шавад".
Аммо, тавре мушоҳида шуд, қимати маводи сӯхт алорағми таъкидҳои “Газпромнефт” ба таври бесобиқа боло рафту як литр солярка 11,5-11, 6, бензини навъи АИ 92 11, 2-11, 4, АИ 95 11,5-11,7 сомонӣ фурӯхта шуда мешуд.
Ҳоло гарчанде ҳам нархи маводи сӯхт дар муқоиса ба ду ҳафта қабл аз 10 то 40 дирам поён рафтааст, вале боз ҳам дар қиёс бо тавоноии молии сокинони Тоҷикистон гарон арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4,15 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ 6,5 сомонӣ буд.
Ба Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0