Тамрини навбатии нерӯҳои вижаи СААД дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники подразделений специального назначения
Сотрудники подразделений специального назначения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Аз 17 то 19 ноябр низомиёни Ҳавзаи марказии низомии Русия барои нахустин бор дар тамринҳои "Кобальт"-и нерӯҳои вижаи СПАД дар Тоҷикистон ширкат мекунанд.
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон тамриноти муштараки воҳидҳои вижаи нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба унвони “Кобальт-2021” баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

“Ин размоиш аз 17 то 19 ноябр дар тамрингоҳи Фахробод баргузор мешавад", - омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, ҳайати низомии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ бори аввал дар тамрини муштараки воҳидҳои нерӯҳои вижа ширкат хоҳад кард.
Илова бар ин мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҳолатҳои изтирорӣ ва мубориза бо маводи мухаддири нерӯҳои зудамали дастаҷамъии СПАД низ ба он ҷалб мешаванд.
Командующий войсками Центрального военного округа РФ, генерал-лейтенант Александр Лапин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Лапин машқҳои СААД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистонро чораҳои ҷавобӣ ба Афғонистон номид
Дар размоиш низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Русияро воҳидҳои низомии нерӯҳои вижаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ва баталйони иктишофии пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Русия 60 нафар низомӣ бо 10 техникаи ҷангӣ бар иловаи ду чархболи Ми-8МТВ5-1 дар ин размоиш ширкат мекунанд.
Учения ОДКБ Боевое братство – 2021 в Таджикистане
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Барои дифоъ омодаанд: машқҳои СААД дар марзи Афғонистон - видео
Иштирокчиёни машқҳо амалиёти нобудсозии ҷангҷӯёнро тамрин мекунанд. Онҳо барои муҳосира ва ҳамла ба биное, ки ҷангҷӯёни шартӣ тасарруф кардаанд, бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии фаннӣ ва чархболҳо амалиёт анҷом хоҳанд дод.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории машқҳо баланд бардоштани самаранокии омодагӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва оперативӣ-ҷангӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала