Оҷонсӣ капитани ВКД-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Як корманди Вазорати корҳои дохилӣ бо як ҳамдасти дигараш барои кумак дар парвандаи ҷиноӣ пул гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо як ҳамдасти дигараш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия, хонум З.М ва шаҳрванд А.А. мебошанд.
Боздоштшудаҳо дар асоси маслиҳати пешакӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накардаанд, афзудааст оҷонсӣ.
Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Оҷонсии зидди фасод мансабдори ҳукумати Деваштичро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати А.А ва корманди ВКД З.М бо моддаи 247 (қисми 4 банди "б")-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшуда 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала