Парпишоев аз қаҳрамонии имсолаи ҷаҳон барои Тоҷикистон медали сеюм овард

© Пресс-служба sambo-fiasСамбо, архивное фото
Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Медали сеюмро барои тими Тоҷикистон дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон паҳлавон Табрезшоҳ Парпишоев овард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Табрезшоҳ Парпишоев дар самбои размӣ, вазни 79 кило ба гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ мушарраф шуд. Ӯ дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Фурқат Рӯзиев шикаст хӯрд.
Ба иттилои Кумита, тими мунтахаби самбои Тоҷикистон чемпионати ҷаҳонро бо се медал – 1 тило, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷамъбаст намуд.
Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило медали тило, Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.

Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо ахиран дар шаҳри Тошканд ҷамъбаст гардид, ки аз Тоҷикистон дар он 12 нафар, аз ҷумла як зан иштирок намуд.
Хушкадам Хусравов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Сипоси Хусравов ба мардум: Ӯ ба мухлисон медали нави қаҳрамонии ҷаҳонро ваъда дод
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки хазинаи ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон дар риштаи самбо 231 ҳазор долларро ташкил дода, қаҳрамонҳо 4 ҳазор доллар, соҳибони медали нуқра 3 ҳазор доллар ва соҳибони медали биринҷӣ 2 ҳазор доллар мукофотпулӣ мегиранд.
Таъкид шудааст, ки Акмалиддин Каримов панҷумин нафар аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар намуди самбо ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон шарафёб мешавад. Соли 2005 Сайриддин Икромов, соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон шуда буданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар маҷмуъ самбочиёни тоҷикистонӣ аз соли 1993 дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд ва то ҳол 48 медал – 5 тило, 16 нуқра, 27 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0