Паёми нави Регистонӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ

© Facebook / Saleh Mohammed Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Солеҳмуҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, муроҷиатномаи нави худро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Регистонӣ, ки аз фармондеҳони калидии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мебошад, бо нашри як паёми савтӣ изҳор доштааст, ки эътирофи ҳукумати толибҳо ин амалан эътирофи "Ал-қоида"*, ДИИШ* ва дигар созмонҳои террористӣ мебошад.
Ӯ дар хитоб ба ҳамватанони бурунмарзӣ, ки алайҳи толибҳо эътироз мекунанд, изҳор доштааст, ки ин шеваи муборизаашон камтар аз мубориза дар ҳандақҳои ҷангӣ алайҳи толибҳо нест, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Фармондеҳ таъкид намудааст, ки мавқеъгирии фаъоли шаҳрвандию сиёсии ҳамватанони бурунмарзӣ ва амалиёти ҷангии Ҷабҳаи муқовимат дар дохили Афғонистон ду боли як паррандаанд, ки бидуни якеаш парвоз карда наметавонад.
Аэропорт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро бозсозӣ мекунад
Ба гуфтаи Регистонӣ, афғонистониҳои бурунмарзӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаҳои мардумро мерасонанд, ки толибҳоро эътироф накунанд, чун ин ба маънои эътирофи созмонҳои террористӣ хоҳад буд.
Дар паём гуфта мешавад, баъди ғасби қудрат толибҳо ҷиноёте чун дур сохтани занону духтарон аз кору таҳсил, латукӯбу фишор ба рӯзноманигорон, ҳабсҳои шабона, вуруд ба хонаҳои мардум, ғорати моликият ва кушторҳои барқасдонаро анҷом додаанд.
Ин муроҷиати Регистонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран мақомдорони толибҳо гуфтанд, ҳеҷ муқовимате дар кишвар дигар вуҷуд надораду тамоми қаламрави Афғонистон таҳти назорати онҳост. Толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи моҳи августи соли равон ғасб карданд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла раисиҷумҳури пешин Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карданд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0