Қурби рубл дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: бозори арз

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомони давоми ду рӯз се сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 155.6 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 158 сомонию 60 дирам медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме коҳиш ёфта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.9345 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ низ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2975 сомонӣ аст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2970 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9345 то 13.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1556 то 0.1556 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0