Размикори тоҷик дар мусобиқаи OPEN FC ва BFC бе камарбанд монд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкММА Бой
ММА Бой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Набарди асосии шоми OPEN FC ва BFC барои размкори тоҷик бо нокомӣ поён ёфт
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Размкори шинохтаи тоҷик Фазлиддин Обидов дар набарди ахираш аз ҳарифи бразилдигияш Андрей Агусто шикаст хӯрд
Рақобати Фазлиддин Обидов ва Андрей Агусто дар чаҳорчӯби мусобиқаи муштараки промоушнҳои OPEN FC ва BFC шоми14 ноябр дар Минск барои дарёфти унвони қаҳрамони вазни сабук доир шуд.
Ин дидор панҷ давр давом кард.
Размкори тоҷик маҳорати хуб нишон дод, аммо бо қарори доварон Андрей баранда эълон шуд.
Ҳамин тариқ камарбанди қаҳрамонии OPEN FC дар вазни сабукро Андрей Агусто ба даст овард.
Ёдовар мешавем, Обидов яке аз қавитарин намояндагони ММА аз Тоҷикистон буда, дар набарди қаблияш, 22 май дар мусобиқаи OPEN FC Артур Малхасянро мағлуб карда буд.
Ҳамакнун Обидов шаш ғалаба ва ду бохт дорад.
Лентаи хабарҳо
0