Русия низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро тасдиқ кард

© Официальная страница Минобороны Казахстана в FacebookЗенитно-ракетный комплекс С-300ПС, переданный от РФ Казахстану
Зенитно-ракетный комплекс С-300ПС, переданный от РФ Казахстану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Ҳукумати Русия ташкили низоми муштараки падофанди ҳавоии ин кишвар ва Тоҷикистонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ин санад дар сомонаи расмии “Иттилооти ҳуқуқӣ” нашр шуд.
“Созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи созмон додани низоми муштараки минтақаии падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон”-ро, ки 27 апрели соли 2021 имзо шудааст” ,тайид ва ба раисҷумҳур ва пешниҳод намоед”,- гуфта шудааст дар санад.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май кабинаи вазирони Русия ташкили низоми муштараки падофанди ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб карда буд.
Қарори мазкурро раиси ҳукумати ин кишвар Михаил Мишустин имзо карда буд.
Гуфта мешавад, ин санад бо ВУХ Русия ва дигар ниҳодҳои марбута мувофиқа карда шудааст.
Командно-штабные учения Кавказ-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод
Ташаббускори ташкили низоми муштараки падофанди ҳавоӣ бо Тоҷикистон Вазорати мудофиаи Русия мебошад. Лоиҳа пешакӣ бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон коркард шуда буд.
Созишнома барои имзо ба президенти Русия Владимир Путин ирсол карда шудааст.
Мушаххас шудааст, ки ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои низоми муштараки дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоъиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳия ва тасдиқ кардаанд.
Созишнома ҷузъи системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала