Шикояти муҳоҷирон аз шароити ғуломӣ ва ваъдаи сафорат барои расидагӣ ба қазия - видео

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияи муҳоҷирони тоҷикеро, ки аз шароити ғуломияшон дар вилояти Архангелск шикоят доштанд, зери назорат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он муҳоҷирони тоҷик аз шароити ғуломонаашон дар вилояти Архангелск шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи муаллифи навор, миёнаравҳо, ки тоҷикистонӣ будаанд, дар Ватан ба сохтмончиён 40 ҳазор рубл маош, ғизою ҷойи хоб ваъда дода, ҳудуди 18 нафарро барои кор ба Архангелск овардаанд.
Ӯ мегӯяд, аз моҳи июл онҳо дар Архангелск кор мекунанд, ғизояшон обу нон ва либосашон ҳанӯз ҳам тунук буда, маоши ваъдагиро нагирифтанд. Муаллиф таъкид кардааст, нафароне, ки онҳоро ба чунин шароит овардаанд, дар баробари надодани маош изҳор доштаанд, ки аз ҳисоби роҳпулию ҳуҷҷату дигар хароҷот муҳоҷирон аз онҳо беш аз 1 миллион рубл қарздоранд.
Дар пайи нашри ин навор сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия гуфт, қазияи марбут ба 18 муҳоҷири тоҷикро дар вилояти Архангелск мавриди пайгирию назорат қарор додааст.
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Сафорат таъкид намуд, ки 15 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади кумак кормандони консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба маҳали кории шаҳрвандони мазкур сафабар гардиданд. Феълан дар бораи роҳҳали ин қазия иттилоъ дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала