Пас аз 10 соли сарсонӣ: сиркбози африқоӣ аз Тоҷикистон ба Танзания фиристода мешавад

© Sputnik Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ
Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ сиркбози африқоиест, ки ба далели гум кардани ҳуҷҷатҳои худ аз соли 2012 ба ин сӯ дар Тоҷикистон сарсону саргардон аст
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ орзуи баргаштан ба Ватани худро дорад. Аммо ба далели гум кардани тамоми ҳуҷҷатҳояш, ӯ аз соли 2012 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
Ҳоло масъулони барномаи маъруфи телевизионии "Жди меня" -и Русия талош доранд, ин шаҳрванди африқоиро ба кишвараш назди пайвандони ӯ фиристанд.
Баҳринисо Абдураҳмонова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Диёр" ва намояндаи барномаи "Жди меня" - и шабакаи аввали телевизиони Русия дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи гашти нав дар рӯзгори Салум Абдулҳа иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, онҳо чанде пеш аз сафорати Танзанияи Африқо дар Маскав шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан барои Салумро дарёфт намудаанд.

“Дар сафорати Танзания дар Маскав дар асоси муроҷиати мо маълум намуданд, ки Салум Кимбумбунӣ шаҳрванди ин кишвар аст ва барои бозгашт ва кишвараш шаҳодатнома ироа намуданд”, - гуфт Абдураҳмонова.

Ӯ гуфт, ҳоло масъулони барномаи "Жди меня" тасмим гирифтаанд, ки ин шаҳрванди африқоиро бо харҷи худ ба Танзания баргардонанд.

“Салим” -и африқоӣ кӣ аст ва чӣ гуна дар Тоҷикистон дармонд?

Бино ба нақли Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ, ӯ 30 сол дорад ва даҳ сол қабл бо як барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон расид, вале ҳуҷҷатҳояшро гум карду бо ҳамин дар шароити бехонумонӣ зиндагӣ мекунад.
Тӯли ин солҳо ӯ дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар бо одамони зиёде вохӯрд, ки ваъдаи кумакрасонӣ намуданд, вале дар ниҳоят ҳеҷ кореро барои бозгашти ӯ ба кишвараш иҷро карда натавонистанд.
Чаҳор соли пеш ин сокини сиёҳпӯсти Танзания ба Хуҷанд баргашт ва дар шароити надоштани ҳуҷҷатҳо аз сӯйи маъмурони пулис мавриди боздошт қарор гирифт ва ба паноҳгоҳи хонаи афроди бесарпаноҳони шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.
Худи Салум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби дар Душанбе монданашро чунин шарҳ дода буд.
Бездомная таджикская женщина в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бесарнавиштии зани тоҷик дар Кобул: Сафорати Тоҷикистон ба додаш нарасид - навор
“Даҳ соли пеш баъди тамом шудани барномаи ҳунарӣ, ҳангоми сайругашт дар кӯчаҳои наздикии бозори “Саховат” -и Душанбе ҷузвдонамро, ки дар дохилаш ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ҳатто телефони мобилӣ ва маблағ дошт, гум карда беҳуҷҷат мондам. Ҳайати ҳунармандони “Большой цирк”, ки ҳамроҳи ман омада буданд, ҳама рафтанд, ман бе ҳуҷҷат баргашта натавонистам”, -гуфт шаҳрванди африқоӣ.
Салум Абулҳа минҳайси акробат дар ҳайати ҳунармандони “Болшой сирк” -и кишвари Лаҳистон шомил буд ва сафари ҳунарии онҳо дар соли 2012 аз Русия ба Беларус, Украина, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ниҳоят ба Душанбе расида, аммо бо сабаби гум шудани ҳуҷҷатҳояш дар Тоҷикистон монд ва инак даҳ сол мешавад, ки дар шароити бехонумонӣ ба сар мебарад.
Салим мегӯяд, он замон 20-сола буд ва “Большой цирк”-ро як шаҳрванди Лаҳистон бо номи Пан Юрик роҳбарӣ мекард. Онҳо дар Тоҷикистон дар сирки Душанбе ҳунарнамоӣ карданд.
КДАМ ва ВКД дар Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро "шикор" мекунад
Аз рӯйи нақли Салум Абдулҳа, ки ҳоло дар Хуҷанд бисёриҳо аз вай Салим Абдулло ном мебаранд, то синфи 9 дар мактаби Тандике Азимио (Tandike Azimio), ки дар шаҳри Дор-ус-Салом аст, таҳсил намудааст.
Бино ба нақли Баҳринисо Абдураҳмонова, Салум Абдулҳа фарзанди Абдул Кимбумбунӣ ва Азана Амуду аст, падараш ва модараш дар синни наврасияш вафот кардаанд.
Ҳоло Салум аз Рашид Амудуи тағояш ном мебарад, ки аз пайвандони дар қайди ҳаётбудаи ӯ маҳсуб мешавад. Ҳоло ягона орзуи ин шаҳрванди африқоӣ ин аст, ки ҳарчи зудтар ба назди тағояш ба Танзания бирасад.
Лентаи хабарҳо
0