Расонаҳо: Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт

© AFP 2021 / NOORULLAH SHIRZADAПоле опийного мака. Архивное фото
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Бархе гузоришҳо ҳокист, ки дар манотиқи ҷануби Афғонистон дар буҳбуҳаи буҳрони иқтисодӣ фаровардаҳои тарёк ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тавлиди тарёк дар ҷануби Афғонистон имсол дар муқоиса бо фаслҳои гузашта афзоиши чашмгире доштааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ дар ин кишвар кишти хашхош ягона роҳи таъмини рӯзгор барои сокинони маҳаллӣ, бахусус дар вилоятҳои Қандаҳор ва Ҳилманд боқӣ мондааст.
Ҳарчанд гузориши СММ дар бораи тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2021 ҳанӯз нашр нашудааст, аммо тибқи як назарсанҷӣ, ки дар моҳи апрели соли равон баргузор шуда буд, дар муқоиса бо соли 2020 кишти хашхош дар Афғонистон 37 дарсад афзоиш ёфтааст.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран дар як мусоҳиба бар зарурати мубориза бо кишти хашхош дар Афғонистон таъкид кард.
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби толибон намояндагони ин гурӯҳ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои аз байн бурдани кишти хашхош дар Афғонистон ва пайдо кардани роҳҳои кишти зироатҳои дигар ба хотири расонидани кишти тарёк ба сифр ба онҳо кумак кунанд.
Аммо бино ба гузоришҳои расонаҳо, аз замони ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишти хашхош дар ин кшвар коҳиш наёфтааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзуд: “Дар ҳоли ҳозир ҳудуди се миллион афғон нашъаманданд. Ин барои мо хеле дардовар аст. Мо кӯшиш мекунем, ки аз кишт ва тавлиди маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунем. Дар соли 2001 мо тавонистем, ки кишт ва тавлиди маводи мухаддирро кам кунем. Мо ҳоло дар ҳамин самт амал хоҳем кард".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала