Тоҷикистон рушд ва назорати интернет бо кишварҳои Осиёи Миёнаро баррасӣ мекунад

Серверная, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Дар Ҳамоиши байналмилалии “InternetCA-2021” танзими интернет ва масдуд кардани манобеи интернетӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби коршиносон баррасӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши “Рушди соҳаи интернет дар Осиёи Марказӣ InternetCA-2021” ширкат ва дар он масъалаҳои танзими интернетро баррасӣ мекунанд.
Муҳокимаҳои маҷози рӯзҳои 18 ва 19 ноябр баргузор мешаванд.
Дар онҳо мутахассисон аз Австрия, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Гуфта шудааст, ки коршиносони соҳа инчунин масдуд кардани манобеи интернетӣ ва тағйироти эҳтимолӣ дар қонунҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Мачта базовой станции сотовой связи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Ҳамоно аз ақибмондаҳо: Тоҷикистон дар радабандии суръату нархи интернет
Дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ онҳо фаъолияти танзими давлатро баррасӣ мекунанд ва дар бораи имкониятҳои худтанзимкунии бахшҳои миллии интернет изҳори назар хоҳанд кард.
Меҳмонони ҳамоиш ҳамчунин ташаббуси қонунгузории Қазоқистонро дар бораи ҳифзи кӯдакон аз таҷовузи сайбери арзёбӣ намуда, инчунин дар бораи таҷрибаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар танзими интернет суҳбат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала