Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро бозсозӣ мекунад

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкАэропорт
Аэропорт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Мутахассисон аз Ӯзбекистон таҷҳизоти фурудгоҳи Мазори Шарифро таъмиру майдони ҳавоиро фаъол хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Исматулло Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон дар музофоти Балх бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар мулоқот кард, хабар дод шабакаи "Tolo News".
Ба иттилои манбаъ, Иргашев бо мақомдорони Балх ва намояндагони Вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон мулоқот карда, ваъда додааст, ки Ӯзбекистон фурудгоҳи Мазори Шариф ба номи Мавлонро бозсозӣ хоҳад кард.
Ӯ афзуд, ки феълан ба Афғонистон ҳайати кормандони техникӣ барои кумак дар таъмири таҷҳизоти майдони ҳавоӣ фиристода шудаанд.

"Моро даъват карданд, ки кори фурудгоҳро барқарор кунем, таҷҳизоти вайроншударо таъмир намоем. Мо ба Афғонистон 30 корманди техникӣ овардем, ки онҳо фурудгоҳро барқарор хоҳанд кард", - илова намудааст Иргашев.

Намояндаи Ӯзбекистон инчунин изҳор доштааст, ки Тошканд ба Афғонистон дар бахшҳои дигар низ, аз ҷумла соҳаҳои инфрасохторӣ кумак хоҳад кард.
Ба гуфтаи ноиби вазири нақлиёти Афғонистон, Ҳасибуллоҳ Сурӯш, ҷониби Ӯзбекистон дар баробари барқарорсозии бахшҳои гуногуни фурудгоҳ инчунин ҳудуди 60 корманди техникии фурудгоҳи Мавлоноро ба бозомӯзӣ ҷалб хоҳад кард.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Ҷанги Хуст ва Фиринг: кушта шудани боз як писари Ҳоҷӣ Сангӣ
Дар ҳамин ҳол волии Балх Қудратуллоҳ Ҳамза изҳор доштаст, ки Ӯзбекистону Афғонистон инчунин барқарорсозии роҳи оҳан ва қарзи барқро низ баррасӣ кардаанд.
Ёдрас менамоем, ки 16 октябр ҳайати Тошканду ва Кобул дар Тирмиз гуфтушунид доштанд. Ҷонибҳо дар бораи бархе аз масъалаҳои иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон -Пулихумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар аз масоили мувофиқашудаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0