Рӯзи президенти Тоҷикистон: 16 ноябр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 16 ноября
День 16 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Шонздаҳуми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президент аст. Ин рӯз аз соли 2016 ба ин сӯ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад

Муҳимтарин рӯйдодҳои 16 ноябр дар ҷаҳон

Соли 1824 дарёи Муррей – дарозтарин дарё дар Австралия кашф шуд.
Соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ шуд.
© PixabayВидеокамера, архивное фото
Видеокамера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Видеокамера, архивное фото
Соли 1933 миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.
Соли 1946 дар Порис Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфт

Муҳимтарин рӯйдодҳои 16 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото
Соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саҳмияҳои НБО "Роғун" ҳарчи зудтар омода ва то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаСтроительная площадка Рогунской ГЭС. Архивное фото
Строительная площадка Рогунской ГЭС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Строительная площадка Рогунской ГЭС. Архивное фото
Соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 2016 аввалин бор дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил шуд.

Ҷашнҳои 16-уми ноябр

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.
Рӯзи байналмилалии пуртоқатӣ.
Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва соҳаи иртиботот.

Рӯзи 16-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1937 – доктори илмҳои таърихшиносӣ Юсуфшоҳ Яъқубов.
Соли 1939-2018 – олим-таърихшинос, академик Раҳим Масов.
Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Қӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
© Facebook / Рахим Масович Масов Академик Рахим Масов
 Академик Рахим Масов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Академик Рахим Масов
Дар хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе таълиму тарбия гирифта, соҳиби маълумоти миёна гардид.
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961), ихтисос — таърихи СССР). Ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карданд.
Донишманди номии тоҷик, таърихшинос, академик Раҳим Масов дар 79-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.
Соли 1947 – овозхон София Бадалбоева.

Рӯзи Президент

Панҷ сол боз 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ ва қабул карданд.
Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Лентаи хабарҳо
0