Арабистони Саудӣ: Мо ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми тоҷик бирасем

Города мира. Джидда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдан, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳангоми дидор бо генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кумак ба кишвар изҳор доштааст.
Бинобар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи иҷрои барномаи ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла бо Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ изҳори назар карданд.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Валид бин Абдураҳмон ба ҷои Бодӣ сафири Арабистони саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуд
Абдурраҳмон Ар-Решайдан изҳор доштааст, ки Арабистони Саудӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст.

“Муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар заминаи эътимод ва самимият рушд мекунанд, мо мардуми Тоҷикистонро самимона эҳтиром мекунем ва ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми бародари худ бирасем”,-таъкид кардааст сафир

Ҳамзамон гуфта мешавад, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои минбаъда барои омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони кумита, беҳбуди заминаи моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала