Авҷи беморӣ дар Тошканд ва омодагии дармонгоҳҳо барои қабули беморони зиёд

© Sputnik / Vladimir TrefilovДетская бригада отделения экстренной консультативной скорой медицинской помощи Архангельска с медиками больницы Вельска готовит малыша к отправке в Архангельск
Детская бригада отделения экстренной консультативной скорой медицинской помощи Архангельска с медиками больницы Вельска готовит малыша к отправке в Архангельск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Сироятёбии кӯдакон дар Ӯзбекистон ба зуком ва бемориҳои роҳи нафас авҷ гирифтааст ва феълан дармонгоҳҳо барои қабули беморони зиёд дар ҳолати омодабош қарор доранд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Беморшавии кӯдакон дар Ӯзбекистон авҷ мегирад ва бо супориши Вазорати беҳдошт дар дармонгоҳҳои Тошканд 600 кати иловагӣ барои бистарӣ кардани онҳо ташкил шудааст.
Бинобар хабари Sputnik Ӯзбекистон, чанде пеш вазири тандурустӣ Беҳзод Мусоев аз дармонгоҳҳо боздид намуда, ба далели авҷ гирифтани беморӣ миёни кӯдакон фавран чунин супориш додааст.
Евгений Тимаков, Врач-педиатр, инфекционист и вакцинолог, главный врач медцентра «Лидер-Медицина» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишк: COVID-19 ҳамчун зуком буруз кардааст
Гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон алъон мавсими афзоиши гирифторӣ ба бемориҳои шадиди роҳи нафас дар байни кӯдакон ва баландтарин нишондиҳанда аз ин беморӣ дар шаҳри Тошканд мушоҳида мешавад, ки боиси сарбории зиёди беморхонаҳои кӯдакона гаштааст.
Бояд гуфт, авоили моҳи ноябр Ӯзбекистон барои моякӯбии кӯдакон алайҳи бемории зуком аз Русия 2 миллион воя доруи "Гриппол плюс" харидорӣ намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0