Мақомдорони тоҷик бо баландгӯяк роҳи пешгирӣ аз коронавирусро мефаҳмонанд

© Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикистонРоҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷилавгирӣ аз коронаиврус
Роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷилавгирӣ аз коронаиврус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Мақомдорони бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз баландгӯяк дар бозору нақлиёт ва дигар ҷойҳои пурҷамъият роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро тавзеҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд раванди шарҳу тавзеҳи муқобила бо коронавирус роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, мақомдорони тандурустӣ дар макотиби миёна, ба омӯзгорон ва хонандагон шеваҳои пешгирии коронавирусро фаҳмондаанд.
"Аз роҳҳои асосии пешгирии сирояти коронавирус, ин пайваста шустани дастон, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоби тиббӣ ба шумор мераванд", - гузориш дод Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуд, аз хонандагони макотиб даъват шуд, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намоянду бо ин роҳ худ ва наздиконашонро аз сироятшавӣ нигоҳ доранд.
© Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикистонРоҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷилавгирӣ аз коронаиврус
Роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷилавгирӣ аз коронаиврус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷилавгирӣ аз коронаиврус
Бар асоси гузориши аксии нашркардаи Вазорат, мақомдорони тандурустӣ дар ҳоле қоидаҳои беҳдоштиро тариқи баландгӯяк, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар автобуси серодам баён медоранд, ки бархе мусофирон ниқоб надоранд.
Таъкид шудааст, мақомдорони бахши тандурустӣ ба зарурати гирифтани ваксинаи зидди коронавирус таъкид намуда, онро ягона роҳи ҷилавгирӣ ва ё бидуни мушкилии зиёд паси сар кардани ин беморӣ унвон карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала