Миллионер ва феминист: блогери машҳури ӯзбек Шаҳзода Салимҷонова кист?

© Instagram leo_17sБлогер и актриса из Узбекистана Шахзода Салимжонова
Блогер и актриса из Узбекистана Шахзода Салимжонова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Блогнавис ва ҳунарпешаи ӯзбек Шаҳзода Салимҷонова, ки дар шабакаҳои интернетӣ таҳти унвони Leo17 маъруф аст, дар бораи пайвандӣ бо тоҷикон гуфт
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Блогери миллионер, ҳунарпеша ва мудели ӯзбекистонӣ Шаҳзода Салимҷонова иқрор шуд, ки решаҳои тоҷикӣ дорад.
Шаҳзода дар Тошканд ба дунё омадааст, вале баъдан оилааш ба Қашқадарё кӯчид ва ӯ тамоми кӯдакии худро дар он ҷо гузаронидааст.
Духтари оддӣ аз Қаршӣ ба як блогнависи машҳур дар Ӯзбекистон табдил ёфт. Ҳоло аз ҳаёту фаъолияти ӯ беш аз 1,2 миллион корбар огаҳ аст.
Маълум шуд, ки миллати блогер аз тарафи падараш ӯзбек аст. Аммо модари Шаҳзода Салимҷонова тоҷик будааст.
Бо вуҷуди ошкорбаёнӣ духтари ҷавон дар бораи хонаводааш кам ҳарф мезанад, аммо маълум аст, ки блогер бепадар ба воя расидааст.
Падараш оиларо тарк кард ва модараш зиндаги худро ба тарбияи фарзандонаш бахшид. Шаҳзода боз як хоҳар дорад.

"Падари ман барои навиштаҳои феминистии ман як мисоли хубе хоҳад буд, аммо ман ҳанӯз ҷуръат накардаам, ки ҳама чизро ба шумо нақл кунам, зеро ин ҳаёти шахсии модарам аст, ҳатто ҳаёти ман нест. Биёед, фазои шахсиро эҳтиром кунем", - посух додааст Шаҳзода ба суоли ҳамвандонаш.

Мудел аксари шарҳҳои худро ба ҳифзи ҳуқуқи духтарону занон бахшидааст.
Афзун бар ин вай дар таблиғот фаъолона иштирок мекунад ва орзу дорад, бренди либоси худро таҳия кунад.
Лентаи хабарҳо
0