Бонки миллӣ: Арзиши доллару евро боло рафту рубли русӣ поин

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон афзоиши қурби доллару евро ва коҳиши арзиши рубли русӣ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 155.5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 158 сомонию 60 дирам медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме боло рафт, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.9373 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Бояд гуфт, ки дирӯз арзиши як евро дар бозори арзи Тоҷикистон 12.9345 сомонӣ буд.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2018
Ҷойгузини доллар: вазири тоҷик хостори тиҷорат бо рубли русӣ шуд
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ низ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2980 сомонӣ аст. Дирӯз арзиши 1 доллар 11.2975 сомонӣ буд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2980 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9373 то 13.0200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1555 то 0.1570 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0