Боздошти размкор Акмал Ҳоҷиев барои куштори табиби амрикоӣ баъди баҳси ваксина

© Sputnik / Дмитрий Паршин / Гузариш ба медиабонкСотрудники ФБР и полиции в США
Сотрудники ФБР и полиции в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Акмал Ҳоҷиев, размкор аз Русия дар ИМА бо иттиҳоми қатли як табиб баъди баҳс сари ваксина алайҳи коронавирус боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Размкори русиягӣ дар қатли табиб Миран Рибати дар Гуамеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико айбдор мешавад, навиштааст MMA "Junkie".
Ба иттилои тафтишот, баҳси радиолог Рибати ва размкори 27-солаи ММА сари ваксина алайҳи коронавирус сар задааст. Ҳоҷиев аз мухолифони ашадии ваксина гуфта мешавад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо алайҳи коронавирус изҳорот дода.
Дар лаҳзаи боздошт Ҳоҷиев дар канори ҷасад қарор дошт ва худаш ба маъмурини пулис хабар додааст, ки табибро кушт.
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Лоиқ Раҷабов боз дар мубориза барои $1 млн доллар мағлуб шуд
Аз қавли шоҳид хабар дода шудааст, ки баҳси ин ду нафар ба занозанӣ печида, Ҳоҷиев табибро буғӣ намуду чанд бор бо ашёи тезе ба ӯ зарба задааст.
Таъкид шудааст, ки додгоҳ ҳаҷми пули гарав барои озодии табибро як миллион доллар муқаррар кардаст. Алайҳи размкор иттиҳоми куштор бо ҳолатҳои вазнинкунанда эълон шудааст.
Варзишкор аз Русия охирин муҳорибаҳои худро соли 2017 дар доираи мусобиқаи M-1 Global - Road to M-1 St. Petersburg 2 гузаронда, бар ҳарифаш Абдулазиз Ҷӯрабоев бо нокаути техникӣ пирӯз гардид. Дар маҷмуъ ин размкор се бурду як бохт дорад.
Лентаи хабарҳо
0