Боздошти Қайсорӣ, фармондеҳи маъруфи Афғонистон дар Теҳрон

© Sputnik Низамуддин Кайсари , соратник маршалла Дустума, экс-лидер партии Национальное исламское движение (НИДА)
Низамуддин Кайсари , соратник маршалла Дустума, экс-лидер партии Национальное исламское движение (НИДА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Як мақоми давлати Эрон аз боздошти Низомуддин Қайсорӣ, яке аз фармондеҳони маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон ба ҷурми тақаллуби аснод ва фиреби муҳоҷирон боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Меҳдии Маҳмудӣ, мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Вазорати дохилаи Эрон, аз боздошти Низомуддини Қайсорӣ, сиёсатмадори наздик ба ҳукумати собиқи Афғонистон дар Теҳрон хабар дод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "Форс".
Маҳмудӣ дар робита ба ин хабар изҳор дошт, ин мақоми наздик ба ҳукумати собиқи Афғонистон ба таври ғайриқонунӣ вориди Эрон шуда ва иқдом ба бархе умури хилофи қонун дар робита ба мадорики ҳувиятии муҳоҷирини афғонистонӣ карда буд.
Вай гуфт, Қайсорӣ бо ифтитоҳи се дафтари ғайриқонунӣ дар Теҳрон, Караҷ ва ҳумаи пойтахт иқдом ба тақаллуби асноди ҳувиятӣ барои муҳоҷирони афғонистонӣ, бахусус муҳоҷирони марҳум ҳар гуна мадрак иқоматӣ мекард ва дар ивази ин умури муболиғеро аз ин афрод дарёфт менамуд.
Исмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Исмоилхон: Аҳмад Масъуд танҳо нест!
Ӯ афзуд, ягона мақоми қонунӣ ва расмӣ, ки дар умури муҳоҷирон кор мекунад, идораҳои давлатӣ аст ва ҳеҷ фарди эронӣ ё афғонистонӣ идора ё марказе барои ташкили ҳувияту иқомат надорад ва дар сурати мушоҳида чунин дафтаре бояд ҳатман мавзуъро ба ниҳодҳои марбут барои бархурд қонунӣ иттилоъ диҳанд.
Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон теъдоде аз мақомдорон ва сиёсатмадорони Афғонистон кишварашоно тарк карда, дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Эрон паноҳ бурданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала