Шикасти тими миллии Тоҷиикстон аз Қазоқистон дар бозии дӯстона

© ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон шикаст хӯрд. Ягона голи бозиро Бахтиёр Зайнутдинов зад, ки мураббии тими Тоҷикистон қабл аз бозӣ ба қавӣ будани ӯ таъкид карда буд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бозиии дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон шоми 16-уми ноябр дар варзишгоҳои "Астана-арена" -и шаҳри Нурсултон ба фоидаи дастаи мизбон анҷомид.
Бахтиёр Зайнутдинов, бозигари қазоқ дар даври аввали бозӣ як голро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд, ки ягона ва ҳалкунанда шуд. Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бозиро бохт.
Қабл аз бозӣ Мубин Эргашев, ки мураббии муваққатии тими Тоҷикистон таъйин шуд, изҳор дошт, дастаи мунтахаби кишвар беш аз шаш моҳ боз ҷамъ наомадааст ва бозигарон дар сатҳҳои гуногуни омодагӣ қарор доранд.
Встреча таджикских спортсменов в аэропорту г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Бо карнаю сурнай: истиқболи қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳ - видео
"Масалан, баъзе бачаҳо таҷрибаи кофии бозиро надоранд. Дар баъзе чемпионатҳо, бозиҳо ба охир расиданд, баъзеҳо аз сабаби пандемия танаффусҳои тӯлонӣ доштанд", - гуфт мутахассис.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Қазоқистон дар ҳайати тими миллии кишвараш бозигарони хеле қавӣ дорад ва дар ин зимн ӯ аз Бахтиёр Зайнутдинов ва Георгий Жуков ном гирифт.
Мубин Эргашев ба ин бозӣ аз ҷумла 10 легионер, ки дар бошгоҳҳои Ӯзбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Белорус ва Малайзия ҳунарнамоӣ мекунанд, ҷалб намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0