Бо карнаю сурнай: истиқболи қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳ - видео

Дирӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони тоҷик Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев аз ҷониби мақомоту сокинони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта шуданд
Ҷоизадорони мусобиқаи ҷаҳонии самбо аз тарафи кумитаҳои дахлдори соҳаи варзиш, дӯстон, пайвандон ва дӯстдорони варзиш самимона истиқбол гирифта шуданд,.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати самбои ҷаҳон дар шаҳри Тошканд Тоҷикистонро 12 варзишгар намояндагӣ карданд.
Варзишгарони тоҷик тавонистанд соҳиби се медал – як тило, як нуқра ва як биринҷӣ гарданд.
Акмалиддин Каримов, барандаи чаҳор медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар вазни то 58 кило пас аз се пирӯзӣ бар варзишгарони давлатҳои Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
Акмалиддин дар марҳилаи ниҳоӣ бар ҳарифи русаш Саян Ҳертек пирӯз шуда, медали тило гирифт.
Паҳлавони дигари тоҷик, собиқ чемпиони самбои ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кг то ба марҳилаи ниҳоӣ баромадан бар рақибонаш аз Қирғизистон, Амрико, Италия ва Русия пирӯз шуд. Дар вохӯрии ниҳоӣ аз рақиби қазоқаш Рахат Жананиет шикаст хӯрда, барандаи медали нуқра шуд.
Табрезшо Парпишоев дар вазни то 79 кило аз намуди самбои муҳорибавӣ ду рақиби худро аз Марокаш ва Узбекистон шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Табрезшо аз Асланбек Кодзаев шикаст хӯрда, медали биринҷиро соҳиб шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала