Машқи ҳимояи қатори низомиён дар роҳ аз Душанбе то Фахробод

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкБронеавтомобиль "Тигр" армии России на командно-штабных учениях ОДКБ
Бронеавтомобиль Тигр армии России на командно-штабных учениях ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Низомиёни Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия ба размоишгоҳи Фахробод дар Тоҷикистон расиданд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, низомиён дар размоиши муштарак бо нерӯҳои таъйиноти махсуси мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулоддаю мақомоти мубориза бо маводи мухаддир иштирок мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки низомиёни Русия аллакай ба воситаи зиреҳпӯшҳои БТР-80 ва мошинҳои "Тигр" фосилаи 45-километриро аз шаҳри Душанбе то размоишгоҳои Фахробод тай кардаанд. Марҳилаи асосии тамриноти муштарак аз 17 то 19 ноябр дар Фахробод баргузор мешавад.
Американские военные корабли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
“Даврзании қонун": нерӯҳои дарёии ИМА роҳи ҷои по пайдо кардан дар баҳри Сиёҳро ёфтанд
"Зимни ҳаракат дар ин масир низомиён масоили ҳифзи ҷангии қатори мошинҳо, гузаштан аз минтақаи шартии заҳролудшуда, вокуниш ба ҳамлаи гурӯҳҳои тахрикбору истихоборотӣ ва зарбаҳои ҳавоии душмани шартиро тамрин намуданд", - иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
Дар размоишгоҳ низомиёни Русия якҷоя бо ҳамтоёнашон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон масъалаи барномарезӣ ва гузарондани амалиёт аз сӯи нерӯҳои муштараки зудамали СААД-ро тамрин мекунанд.
Аз Русия дар ин размоиш воҳиди таъйиноти махсуси баталиони ихтиборотии пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Дар маҷмуъ дар ин тамринҳо ҳудуди 60 низомӣ ба 10 адад техника, аз ҷумла ду чархболи Ми-8МТВ5-1 аз ҷониби Русия иштирок мекунад.
Лентаи хабарҳо
0